Расонаҳо дар бораи боздошти раиси зиндон дар Хуҷанд хабар доданд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкСледственный изолятор, архивное фото
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳо дар бораи боздошти раиси зиндоне, ки дар он ошӯби маҳбусон рух дод, хабар додаанд. Ба иттилои манбеъ, раиси зиндони рақами 3 дар Хуҷанд Файзуллоҷон Сафаров дар хунукназарӣ ва шиканҷаи маҳбусон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манобеи худ, аз боздошти раиси зиндони низомаш шадид дар Хуҷанд хабар додаанд.

Бино бар иттилои манобеъ, раиси зиндони рақами 3, ки дар он ошӯби зиндониён сар зада буд, ба хунукназарӣ ва шиканҷаи маҳбусон муттаҳам мешавад.

Бино бар иттилои намояндагони мақомоти қудратии кишвар, ошӯб дар зиндон ҳанӯз шоми 7-уми ноябр сар зада буд, аммо Сафаров ин ҳодисаро пинҳон кард.

Гуфта мешавад, далели ик кори раиси зиндон дар он буд, ки  аз даст додани мансабаш меҳаросид.

Ба гуфтаи манобеъ, интизор меравад, ки ба наздикӣ дигар муҷримони ҳодиса - кормандони зиндон ба ҳасб гирифта мешаванд. Онҳо дар ришваситонӣ, рӯйпӯшкунӣ ва пинҳон кардани ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0