Профессор марқади Аҳмади Донишро ёфт, пешниҳод ба Рустам Эмомалӣ: хоки гӯрашонро овардам

Парк имени Ахмада Дониша в Душанбе
Парк имени Ахмада Дониша в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов марқади донишманди тоҷик Аҳмади Дониш ва чанде аз бузургонро дар Бухоро пайдо кардааст. Вай мегӯяд, аз гӯри эшон қабзае хокашро овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳод мекунад, ки дар пойтахт қадамҷои рамзии онҳо бунёд шавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов марқади донишманди номии тоҷик Аҳмади Донишро дар Бухоро пайдо кардааст, хабар медиҳад "Фараж".

Ба гуфтаи профессор, ӯ натанҳо марқади Дониш, балки Шамсиддин Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ пайдо кард.

"Ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии Бухоро маълум кардем, ки  Аҳмад Махдуми Дониш соли 1897 дар яке аз қабристонҳо, ки махсуси шахсиятҳои бузург буда, “Дахмаи биҳиштиён”( ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард) ном доштааст, гӯронида шудааст. Дар ин ҷо соли 1893 шоири бузург Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст", - менависад "Фараж" аз қавли профессори тоҷик.

Ба мо даст дод, ки марқади Аҳмад Махдуми Донишро пайдо намоем ва орзуву омоли шахсиятҳое  чун устодон  Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқро, ки дар ҳасрати пайдо намудани гӯри Дониш буданд, амалӣ гардид, афзудааст Раҷабов.

Профессори тоҷик мегӯяд, қабзае аз хоки гӯри Аҳмади Донишро бо худ ба Тоҷикистон овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардан мехоҳад, ки бо ин хок дар боғи Аҳмади Дониши пойтахт марқади рамзии донишманди номиро бунёд кунанд.

Раҷабов боварӣ дорад, ки он зиёратгоҳи аҳли илм ва фарҳанг хоҳад гардид.

Лентаи хабарҳо
0