Ифтитоҳи иншоотҳои гуногун аз тарафи соҳибкорони маҳалии ноҳияи Ашт

© Официальный сайт ФК "Истиклол"Кубок ФК "Истиклол" по мини-футболу. Архивное фото
Кубок ФК Истиклол по мини-футболу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ашт Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва ифтитоҳи нахустин чархаи НБО-и "Роғун" аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ иншоотҳои гуногун ба истифода супорида шуд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва ифтитоҳи нахустин чархаи НБО-и "Роғун" дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин рӯз бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва роҳбарияти ноҳия дар маҳаллаи Ровакони Ҷамоати шаҳраки Шайдон майдончаи хурди варзишӣ, ки ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Пайрав Манозимов бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.

Таджикский алюминиевый завод - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро ба фаъолият шурӯъ кард

Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон низ як майдончаи варзишӣ ва бозии бачагона, ки бо харҷи 650 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори бурунмарзӣ Муродҷон Мамадҷонов сохта шудааст, ба истифодаи мардум вогузор шуд.

Ҳамзамон дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба туйхона, дар деҳаи Аппони Ҷамоати деҳоти Ошоба мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусн, дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Ориён 4 синфхонаи иловагӣ, дар Ҷамоти деҳоти Пунук хонаи саломатӣ, чойхона, маркази савдо, бозорча ва мағоза ба истифода супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0