АКС: Чор кушта дар пайи бархӯрди 4 мошини боркашу сабукрав дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Ширкати роҳбони “IRS” аз бархӯрди маргбори ду мошини боркаш ва ду сабукрав дар километри 185-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ ҳодиса 20 ноябр рух дода, дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин садама инчунин маҷруҳон барҷой гузоштааст.

“IRS” таъкид намудааст, ки дар маҳалли фоҷеа ҳолати роҳ хуб буда, яхбандӣ вуҷуд надорад.  Ширкат аз қавли шоҳидон, сабаби рух додани садамаро ба самти муқобили ҳаракати баромадани яке аз ронандаҳо хондааст.

Феълан мақомоти дахлдор ин садамаи пурқурбониро таҳқиқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала