Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург сафар мекунад

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург аз 28 ноябр то 1 декабри соли равон идома меёбад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Рӯзи 28 ноябри соли 2018 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентӣ тибқи даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко,  Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Петр Рябухин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.

Ба иттилоъи манбаъ сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург то 1 декабри соли равон идома ёфта, тибқи барнома Раиси Маҷлиси миллӣ дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш­тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ "150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина", инчунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат менамояд.

Манбаъ афзудааст, ки дар доираи сафар суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалӣ "150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина" дар назар дошта шудааст.

Инчунин дар ин Конфронси сатҳи баланд, ки дар  Қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0