Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси “Союз сохтмон” барои фиреби сокинони Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси ширкати “Союз сохтмон” хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, раиси 64-солаи “Союз сохтмон” дар қаллобӣ муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ се сокини Душанбе ба мақомоти милиса шикоят кардаанд.

Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти даллае, ки хоҳарашро ба мардҳо мефурӯхтааст

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла зани 62-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз дошт, ки роҳобари “Союз сохтмон”, аз ӯ 14  ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, дар маҳаллаи 83-юми пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ ваъда дод, аммо иҷро накард.

“Ҳамин тариқ, номбурда соли 2017 бо роҳи фиреб аз зани 59-солаи сокини кӯчаи Б.Ҳамдамови пойтахт 13000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди маҳаллаи 83-юми шаҳри Душанбе як хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ба иттилои ВУД, раиси “Союз сохтмон” инчунин соли 2014 аз марди 45-солаи сокини кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе барои додани хонаи якҳуҷрагӣ дар маҳаллаи 83-юм 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол хона надодааст.

Хафиззода Шоди Хуршед, начальник УБОП МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Зери ниқоби ҳанафӣ: боздошти 22 сархатиб ва табдили самти кори 1807 масҷиди ғайрирасмӣ

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи раиси “Союз сохтмон”  бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ВУД соли 2015 низ аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи роҳбарияти “Союз сохтмон” барои гирифтани маблағ аз сокинони Душанбе ва надодани хона хабар дода, таъкид намуда буд, ки раҳбари “Союз Сохтмон” қаблан бо моддаҳои 247 ва 253-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.

Аммо тибқи иттилои нашршуда дар сомонаҳои расмӣ, ширкати "Союз сохтмон" солҳои пеш бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла мактабҳоро дар пойтахт ва навоҳии атрофи он анҷом додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала