Супориши раисиҷумҳур ба Хадамоти алоқа, бонкдорон ва вазирон дар мавриди интернет

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори Ҳукуматро ба имзо расондааст, ки ба таҳкими саводи компютерии ходимони давлатию аҳолӣ ва ҳузури бештари давлату тиҷорат дар интернет равона шудааст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ахиран бо имзои қарори Ҳукумат, барномаи ҷадиди рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар кишвар барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расонд.

Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Интернет чисту демократия чӣ маъно дорад?: 322 суол барои қабул ба тими Рустами Эмомалӣ

Дар барномаи тасдиқкардаи раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки барои ташаккули босамари як ҷамъияти электронӣ дар Тоҷикистон як қатор монеаҳои боздоранда мавҷуданд, ки бояд бартараф шаванд.

Аз ҷумла зарур хонда шудааст, ки ҳузури давлат,  бахши соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар шабакаи интернет густариш ёбад.

Роҳбари давлат инчунин дастур додааст, ки барои беҳбуди саводнокии компютерии кормандони давлатӣ ва аҳолӣ дар маҷмуъ чораандешӣ шавад.

Дар барнома зарур хонда шудааст, ки ташкили инфрасохтор барои хадамоти давлатии электронӣ ба аҳолӣ бо истифодаи имзои рақамӣ вусъат дода шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз зиндони порахурон то муҷозот барои даъват ба терроризм дар интернет: шарҳи қонунҳои нав

Раисиҷумҳур роҳбарони тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз Хадамоти алоқа то Кумитаи андоз ва мақомоти маҳаллиро муваззаф кардааст, ки барои рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон чораандешӣ карда, ҳар шашмоҳа ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд. Дар қарори имзокардаи раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки  масъулин дар баробари корҳои анҷомдодаашон барои татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин аз мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо ба Ҳукумат пешниҳод кунанд.

Ҳукумат ба Бонки Миллӣ, “Амонатбонк” ва созмонҳои қарзии дигар тавсия додааст, ки дар амалисозии барномаи мазкур иштирок намоянд. Раисиҷумҳур масъули иҷрои ин барномаро ноиби сарвазири кишвар таъин кардааст.

Вазорати молия супориш гирифтааст, ки дар буҷаи солҳои 2019 – 2020 дар банди алоҳида барои татбиқи барномаи мазкур маблағ ҷудо намояд ва инчунин сармояи созмонҳои байналмилалӣ низ ҷалб гардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала