Ҳасани Ҳайдар: овозаи сахт ранҷидани Ноҳид аз ман дурӯғ аст

© Sputnik / Валерий МельниковНохид Зейналпур выступает на фестивале национальных культур "Солнце востока"
Нохид Зейналпур выступает на фестивале национальных культур Солнце востока - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд мегӯяд, бо ғижакнавози номии тоҷик Ноҳид Зайналпур наздики 18 сол дар саҳна буд. То ҳол дар сафарҳои ҳунарӣ якҷоя баромад мекунанд. Овозаи он, ки гӯё Ноҳид аз ҳунарманд ранҷидааст, дурӯғ аст. "Имрӯзҳо Ноҳид бо ду фарзандам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва мо зуд-зуд ба ҳамдигар занг мезанем", - мегӯяд ҳунарманд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар дар мусоҳиба бо вебгоҳи "Tajikistantimes"  аз муносибаҳояш бо ғижакнавозии номии тоҷик Ноҳид Зайналпур бозгӯӣ кардааст.

Ҳунарманд дар посух ба суоли "далели барҳам хӯрдани дуэти Ҳасани Ҳайдар бо Ноҳид Зайналпур дар чист" гуфтааст, ки солҳои дароз бо ғижакнавози хушсалиқа ҳамкорӣ дошт ва то ҳол дар сафарҳои хориҷӣ якҷоя баромад мекунанд.

"Ману Ноҳид дар мусиқии эстрадии тоҷик услуби нав ворид карда, муддати 18 сол дар саҳнаҳои калони дохиливу хориҷӣ якҷоя баромад мекардем. Дуэти мо то куҷо муваффақ буд, ба ин албатта мухлисон баҳо медиҳанд. Имрӯзҳо Ноҳид бо ду фарзандам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", - гуфтааст вай.

Нохид Зейналпур о творчестве и родине - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Ноҳид Зайналпур: аз асли эронӣ, мушкилоти муҳоҷират ва дилбандӣ ба Ватан (НАВОР)

Ҳунарманд афзудааст, ки овозаҳои он, ки Ноҳид аз ӯ ранҷидааст дурӯғ аст ва онҳо тариқи телевон зуд-зуд аз аҳволи ҳамдигар пурсон мешаванд.

"Дар сафарҳои ҳунарӣ ману Ноҳид ҳамеша бо ҳам ҳастем. Дар чандин давлатҳо, аз ҷумла Белорусия, Украина, Маскав, Исроил ва Хитой якҷоя баромада кардем. Берун аз корҳои эҷодӣ низ муносибати хуб дорем. Ҳамчун ду дӯсти дерина тез-тез ба ҳамдигар занг мезанем, аҳволпурсӣ мекунем, аз якдигар маслиҳат мепурсем, маслиҳат медиҳем, умуман, муносибатҳои дӯстона дорем", - изҳор доштааст ҳунарманд.

Ёдрас мешавем, пештар худи Ноҳид дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз фаъолият ва зиндагиаш дар Маскав бозгӯӣ карда буд.

Ӯ далели тарки Тоҷикистон карданашро камбуди кори доимии сазовор дар Тоҷикистон хонда буд.

"Мо аввалину охирин нестем. Садҳо ҳазор ҳамватан бо вуҷуди доштани касб натавонистанд дар Ватан ҷои кор пайдо кунанд. Аммо мо Ватанамонро хеле дӯст медорем ва ҳозир ҳам парчами кишварамонро боло мебардорем”, - изҳор дошта буд вай.

Ба гуфтаи Зайналпур солҳои аввали зиндагияш дар муҳоҷират мушкил буданд, аммо бо мурури замон шаҳрвандии Русия гирифт ва оилааш низ ба наздаш омад. Ӯ афзуд, фарзандонаш дар Маскав таҳсил кардаанду соҳибкасб шуданд ва ин шаҳрро самимона дӯст медорад.

Лентаи хабарҳо
0