Ёдгор Файзов: тоҷикистониён таҳти парафшонии парчам давлатро аз нобудӣ наҷот бахшиданд

© саҳифаи фейсбукии мақомоти иҷроияи ВМКБЁдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳим аст, ки тоҷикистониён таҳти парафшонии парчами миллӣ ба ваҳдати миллӣ расиданд ва давлати худро аз нобудӣ наҷот доданд, мегӯяд раиси вилояти Бадахшон

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов тоҷикистониёнро бо Рӯзи парчам шодбош гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВМКБ.

"Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар сол рузи 24 – уми ноябр чун Рузи Парчами давлатию миллӣ таҷлил мегардад. Имсол ба қабули парчами давлатӣ 26 – сол пур мешавад, ки барои тамоми мардуми Тоҷикистон боиси сарафрозию ифтихор аст, зеро Парчам чун яке аз рамзҳои давлатӣ ҷойгоҳ ва мавқеи хос дорад", - омадааст дар табрикномаи раиси вилоят.

Хеле муҳим аст, ки тоҷикистониён таҳти парафшонии Парчами миллӣ ба ваҳдати миллӣ расиданд ва давлати тозаистиқлоли худро аз нобудӣ наҷот бахшиданд, афзудааст Ёдгор Файзов.

Ёдгор Файзов бо Ҳодӣ Ҳусейнӣ мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Мушкилоти обро дар Хоруғ ҳал кунем: мулоқоти Ёдгор Файзов ва Ҳадӣ Ҳусейнӣ

Ба гуфтаи раиси вилоят, қабул гардидани парчам дар замоне, ки кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт.

"Дар назди Парчам ҳар шаҳрванди давлат оғоз аз Президент то сарбози оддӣ зону зада савганди садоқату вафодориро ба Ватан ёд мекунанд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар пешгоҳи бинои муҳташами Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи сатҳи чахонӣ Парчами мо низ ҷилвагар мебошад. Ин гувоҳи чун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ шинохта шудани  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад", - таъкид доштааст вай.

Ёдрас мешавем, дар  Тоҷикистон 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатиро таҷлил мекунанд. Ин рӯзро дар кишвар расман аз соли 2009 ҷашн мегиранд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар мекунад.

Соли 2012 дар маркази Душанбе Боғи парчами миллӣ бунёд гардид, ки онро парчами миллии Тоҷикистон оро медиҳад. Баландии сутунпояи он 165 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳиҳо боғҳои парчам бунёд ба истифода дода шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0