Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ кардан

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Педро Серрано, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 23 ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, Сироҷиддин Муҳриддин бо Педро Серрано мулоқот намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд анҷом доданд.

Консультации в формате ЕС - Центральная Азия,  Могерини и Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодия Аврупо бо Тоҷикистон барои имзои созишномаи нав ба зудӣ музокирот хоҳад кард

Инчунин тарафҳо аз зарурати тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва экстремизми зӯроварона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишу хатарҳои муосири амниятӣ ибрози назар карданд.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз кумакибештари Иттиҳоди Аврупо дар таъмини ҳифзи сарҳадот, хусусан дар доираи татбиқи Барномаи ИА доир ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), изҳори умедворӣ кардааст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, ба вежа вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала