Ҳамсояҳо хавотир нашавед: бо супориши Мирзиёев дар Узбакистон бонги хатар зада шуд

© Министерство обороны УзбекистанаВоеннослужащие Узбекистана
Военнослужащие Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз барои нахустин бор бо супориши раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев тамоми қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон бо бонги хатари санҷишӣ ба по хезонда шуданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Узбакистон мегӯяд, санҷиши сартосарии омодагии қувваҳои мусаллаҳ 5 рӯз дар 4 марҳила давом хоҳад кард. 

Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Нота ба ҳамсоя: Узбакистон омодагии ҷангии артишашро месанҷад

Тибқи иттилои РИА Новости ҳадафи ин машқҳо санҷиши омодагии дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ барои идораи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳолатҳои ҷангӣ ва сатҳи омодагии низомиён мебошад.

Вазорати дифои Узбакистон таъкид намудааст, ки чунин санҷиши сартосарии омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ бори аввал дар кишвар гузаронда мешавад.

Ахиран Узбакистон ҳамсояҳоро аз нияташ барои санҷиши сартосарӣ огоҳ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом алайҳи ҳеч давлате равона нашудааст.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар нотааш ба ҳамсоякишварҳо таъкид намудааст, пойбанди уҳдадориҳои қаблияш дар назди кишварҳои дигар буда, санҷиши омодагии ҷангии артиш алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.

“Ҳадафи санҷиш баҳогузории омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон мебошад”, - омадааст дар нотаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала