Манижа наворҳои ҳунарнамоияш бо гиторнавози "Би-2"-ро нашр кард - видео

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, наворҳои ҳунарнамоияш бо гиторнавози гуруҳи "Би-2" – ро дар Маскав нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Manizha, овозхони маъруф якҷо бо Александр Уман аз гуруҳи "Би-2" дар толори консертии  "Известия Hall"-и Маскав  ҳунарнамоӣ кард.

Манижа Сангин чанд навор аз консерти мазкурро, ки 5 декабр баргузор шуд, дар саҳифааш дар  Instagram нашр карда, таассуроташро баён намудааст.

Публикация от MANIZHA (@manizha)

Ба иттилои Манижа, ӯро бо  Уман оҳангсоз Антон Севидов шинос кардааст.

"Фавқулода хуб аст, вақте дар паси саҳна аҳле аз мусиқӣ ҳастанд, ки бидуни ҳеч ғаразе омодаи дастгирии ҳамдигаранд ва фикру ғояҳояшонро бо ҳам ва бо мухлисон муттаҳид мекунанд. Бо ин роҳ ҷаҳонро,  ҳадди ақал ҷаҳони мусиқиро дақиқан метавон тағйир дод”, - изҳор дошт Манижа дар саҳифааш.

Дар ҷамъбасти консерт овозхон ба ҷамъомадагон изҳори сипос карда, рӯзи баргузории ин консерт ва ҳайати дастандаркорони онро аз беҳтаринҳо хондааст.

Ӯ иттилоъ дод, ки консерти дигараш 12 декабр дар Санкт-Петербург дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0