Боздиди сайёҳони Русия аз Тоҷикистон 1% зиёд шудааст

CC BY 2.0 / Oleg Brovko / в. Б. ГанзаТуристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото
Туристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои маъруф миёни сайёҳони Русия дар зинаи 41 ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ожонси таҳлилии “ТурСтат”, аз 1 январ то 30 сентябри соли 2018 аз Тоҷикистон 92 ҳазор сайёҳи Русия боздид кардаанд.

Сафар ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд

Манбаъ афзуд, ки сафари сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон 1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар маҷмуъ 65 кишвари ҷаҳон шомили ин феҳраст шуда, Туркия дар мақоми якум қарор гирифтааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қирғизистон миёни сайёҳони Русия нисбатан маъруф буда, бо 193 ҳазор сайёҳ дар зинаи 29 қарор гирифтааст.

Узбакистон дар мақоми 40 қарор дорад, ки тайи 10 моҳ 114 ҳазор сайёҳи русиягӣ аз ин кишвар боздид кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0