Президент бахшида ба Рӯзи бетарафӣ наздики 800 нафарро авф кард

© SputnikАмнистированные заключенные Вахдатской колонии
Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи фармони раисҷумҳур зиндониён озод мешаванд ва ё аз ӯҳдадории зиндагӣ дар ин ё он минтақаи муайян сабукдӯш мегарданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов бахшида ба Рӯзи бетарафӣ (12 декабр таҷлил карда мешавад) 796 зиндониро авф кард. Дар ин бора телевизиони Туркманистон хабар медиҳад.

Қарори вижаро раисҷумҳур дар маҷлиси ҳукуматӣ имзо кардааст. Фармон зиндониёни авшударо аз адои ҷазои таъиншуда - маҳрумият аз озодӣ ва ё ӯҳдадории истиқомат дар минтақаи муайян озод мекунад.

"Бо фармони авф мо шароитеро фароҳам меоварем, ки нафарони аз карда пушаймон тавонанд бо меҳнати софдилона ба роҳи рост баргарданд", - гуфтааст раисҷумҳур.

Бердимуҳаммедов ба вазири умури дохилаи Туркманистон Искандар Моликов якҷо бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифа додааст, ки зиндониёни авфшуда ба зудӣ озод шуда, дар рӯзи ид ба назди пайвандонашон баргарданд.

Дар Туркманистон одатан дар ҷашнҳои миллӣ маъракаи авф роҳандозӣ мешавад. Ахиран дар кишвар бахшида ба ҷашни Истиқлолият маҳбусон авф шуданд. Он вақт раисҷумҳур 1722 нафарро озод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0