Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ

CC BY 2.0 / Yuri Samoilov / System LockЗапрещенный доступ
Запрещенный доступ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуданд, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таъмин намоянд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон доир ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амрико Тоҷикистонро ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам мекунад

Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Азия Плюс”, “Радиои Озодӣ”, ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

“Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудааст, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд.

Здание посольства США в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

“Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарсу сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд”, - гуфтааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10 декабри соли равон ба шарафи 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи ин ҳуқуқҳои умумибашариро дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии матбуотро баррасӣ намуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала