Тими миллии Тоҷикистон дар бозии рафиқона аз дастаи Умон шикаст хӯрд

© сайт ФФТСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вохурӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Умон дар Масқат бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмондорон ба анҷом расид. Ягона голро дар дақиқаи 57 Халид Ал-Хаҷрӣ ба ҳадаф расонд

 ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Футболбозони тими Тоҷикситон дар бозии рафиқона аз тими Умон бохтанд, хабар додааст дафтари  матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Вохурӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Умон рӯзи  якшанбе дар шаҳри Масқат бо ҳисоби 1:0 ба нафъи соҳибони майдон хотима ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 57 Халид Ал-Хаҷрӣ ба ҳадаф расонд.

Новобаста аз мағлубият сармураббии Тоҷикистон Усмон Тошев, аз бозии зердастонаш дар даври дуюми мусобиқаи рафиқона қаноъатманд буд.

Ин мусобиқа алакай дуюмин бозии рафиқона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Умон мебошад. Бозии якум ҳафтаи гузашта бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расида буд.

То ин дам тимҳои миллии Тоҷикистону Умон се маротиба бо ҳам рақобат карда буданд. Аввалин мусобиқаи миллӣ миёни тимҳои ин ду кишвар 20 сол пеш 12 декабри соли 1998 дар бозиҳои Осиё дар Банкок бо ҳисоби 3:3 хотима ёфта буд.

 

Лентаи хабарҳо
0