Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСнежный барс. Архивное фото
Снежный барс. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модабабри барфиро аз Тоҷикистон барои барқарор кардани саршумори ин навъи нодири ҳайвон ба Красноярск бурданд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раёсати “Росселхознадзор” интиқоли бабри барфиро аз Тоҷикистон ба Красноярск тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки феълан ин ҳайвони нодир таҳти назорати карантинӣ қарор дорад.

Жители Бадахшана отпустили на волю пойманного снежного барса - Sputnik Тоҷикистон
Тараҳҳум ба озодапаланг дар Помир: баъди селфӣ, “зебои куҳистон”-ро озод карданд - видео

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли “Росселхознадзор” иттилоъ додаанд, ки камбудие ҷой надорад ва танҳо баъди анҷоми расмиёт бабри барфиро ба мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск раҳо хоҳанд кард.

Созмонҳои байналмилалии ҳифзи вуҳуш саршумори бабри барфиро феълан дар ҷаҳон ҳудуди 7,5 ҳазор сар мегӯянд, ки асосан дар Осиёи марказию ҷанубӣ ва куҳҳои Олтойи Русия иқомат доранд.

Қаблан саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар арзёбӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0