Кордзаниҳои ҳамдеҳагону бародарон дар тӯй ва хонаи модар

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти ду ҳолати кордзанӣ тайи рӯзҳои истироҳат дар кишвар иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ марди 29-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд.

Рустам Эмомали на заседании - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмун: Рустам Эмомалӣ ба талабаю донишҷӯёни аълохон ва хушрафтор стипендия медиҳад

“Номбурда, 16-уми декабри соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии модараш, зани 56-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо бародари 27-солааш ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин ба идораи милиса, марди 26-сола, сокини деҳаи Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуда, арз доштааст, ки дар тӯй ҳамдеҳааш ӯро корд задааст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 15-уми декабри соли 2018, тахминан соати 19:10 дар базми тӯйёнаи марди 46-солаи сокини деҳаи Даштигуло, марди 41-солаи ҳамдеҳааш, дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0