Шӯрои амнияти Русия: дар сафи гурӯҳи ДОИШ шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст

© AFP 2023 / TAUSEEF MUSTAFAДемонстранты с флагом ИГ. Архивное фото
Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаъолияти гурӯҳи террористии ДОИШ, ки дар сафи он шаҳрвандони Осиёи Марказӣ зиёд мебошанд, ба марзҳои ҷануби Русия хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik.  Ёрдамчии котиби Шӯрои амнияти Русия Александр Венедиктов эълон намудааст, ки гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Русия)  ба ҷануби марзҳои Русия хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Дар ҳоли ҳозир, ба марзҳои ҷануби Русия фаъолияти ДОИШ таҳдид мекунад.  Ба сафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин шаҳрвандони Чину Русия ҳамроҳ шудаанд”, - таъкид намудааст вай.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Афғонистон: ДОИШ дар Тоҷикистон бар зиддӣ Русия таблиғоти фаъолона мебарад

Қаблан Фасал Сомӣ, вакили порлумони Афғонистон аз вилояти Бағлон эълон карда буд, ҷангҷӯёни гуруҳи “ДОИШ” миёни сокинони кишварҳои Осиёи марказӣ ба муқобили Русия таблиғоти фаъолона мебаранд.

“Мо далелҳо дорем, ки ДОИШ миёни сокинони наздимарзӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: узбакҳо, тоҷикҳо, туркманҳо ва дигар истиқоматкунандагон дар срзамини Афғонистон бар зиддӣ Русия ба таври фаъолона таблиғот бурда истодаанд”, - гуфт Самӣ.

Вай қайд кардааст, ки “яке аз мақсадҳои гуруҳи ДОИШ  дар Афғонистон, бевостиа баромадан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳдид ба нафъи Русия мебошад”.

 

Лентаи хабарҳо
0