Узбакистон тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Гулнора Каримоваро шарҳ дод

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Узбакистон тамдиди таҳримҳо алайҳи Гулнора Каримоваро салоҳияти истисноии ҳукумати Амрико донист

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Додситони кулли Узбакистон тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов-Гулнора Каримоваро шарҳ дод, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Бино бар иттилои манбаъ, додситони кулли Узбакистон тамдиди таҳримҳо алайҳи Гулнора Каримоваро салоҳияти истисноии ҳукумати Амрико донист.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Узбакистон: Гулнора Каримова то ҳол дар зиндон мемонад

Манбаъ таъкид намуд, ки Гулнора Каримова мувофиқи ҳукми додгоҳ зиндон шуда дар маҳбас қарор дорад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар номааш ба конгрес иттилоъ додааст, ки мувофиқи қонуни Магнитский таҳримҳоро алайҳи 13 нафар дар тамоми ҷаҳон ва инчунин 39 шахси воқеъӣ ва ширкатҳои вобаста ба онҳоро тамдид намудааст. Миёни ин нафарон номи Гулнора Каримова низ мавҷуд аст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи декабри соли 2017, Вазорати молияи Амрико, Гулнора Каримоваро ба феҳристи шахсони таҳримшудаи “қонуни ҷаҳонии Магнитский” дохил намуд.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Амрико, Каримова “роҳбари гурӯҳи бузурги муташкилонаи ҷиноӣ” буда, ба мусодираи тиҷорат, монополия намудани бозорҳо ва талаб намудани ришва машғул будааст. Инчунин Амрико Гулнора Каримоваро ба тамаъҷӯи айбдор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0