Ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2,5 миллиард доллар расид

Дар соли 2018 ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 дарсад зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Аз аввали сол ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2,5 миллиард доллар расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Ожонсии омори Тоҷикистон.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 4,1  дарсад боло рафтааст.

Таъкид шудааст, ки дар соли 2018 рушди соҳаи растанипарварӣ 3,6 дарсад ё 261 миллион долларро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи чорводорӣ 5,4 дарсад (то 96,3 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Ожонсии омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2018 дар ҷуиҳурӣ 1,2 миллион тонн ғалладона, наздик ба 300 ҳазор тонн нахи пахта ва беш аз 954 ҳазор тонн картошка ҷаъмоварӣ шудааст.

Тибқи маълумоти қаблӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ 1,4 миллиард долларо ташкил медод.        

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала