Бунёди майдони парчам дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Ифтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишон дар Дарвоз

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 18 декабри соли равон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии майдони мазкур оғоз бахшид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки майдони Парчами давлатӣ дар шафати Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва дар масоҳати 1 гектар бунёд мегардад.

“Майдон дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо хоҳад буд, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала