Путин ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ посух медиҳад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин
 Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз бо рузноманигорони хориҷиву дохилӣ нишасти матбуотӣ дорад ва ба суолҳои онҳо посух хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 20 декабри соли равон  соати 12:00 ба вақти Маскав нишасти матбуотии солонаашро баргузор мекунад.

Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар додааст.

Солҳои пеш Владимир Путин президенти Русия дар тӯли се соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ посух медод.

Аксари суолҳо ба сиёсати дохиливу хориҷаи Русия робита доранд.

Нишасти матбуотии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва сомонаи Sputnik Тоҷикистон  мустақиман пахш хоҳад шуд. 

Лентаи хабарҳо
0