Даниэл Рустамов аз ҳамватанон хост, дар даври овоздиҳӣ ӯро дастгирӣ кунанд - навор

© © Sputnik Даниель Рустамов, архивное фото
Даниель Рустамов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даниэл Рустамов, овозхони маъруфи зодаи Тоҷикистон аз ҳамватанону мухлисон хоҳиш дорад, ки ӯро дар марҳилаи навбатии озмуни “Голос” бо додани овозҳои худ дастгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Рустамов бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукияш изҳор доштааст, ки рӯзи ҷумъа соати 21:30 пахши мустақими барномаи “Голос”, марҳилаи чорякниҳоӣ оғоз хоҳад шуд.

Ӯ таъкид намудааст, ки то пирӯзӣ ками дигар мондааст ва дар ин марҳила ба дастгирии мухлисон умед дорад.

“Дар ин марҳила овоздиҳӣ сурат хоҳад гирифт ва ман ба дастгирии шумо умеди зиёд дорам. Ба ҷонибдории ман овоз диҳед”, - хитоб кардааст Даниэл Рустамов ба мухлисон.

Дар назар аст, ки шеваи овоздиҳӣ дар ҷараёни пахши мустақим эълон гардад.  

Дар марҳилаи қаблӣ Даниэл суруди Jah Khalib "Лейла"-ро иҷро кард.

Пас аз баромади се овозхон устоди гурӯҳ Ани Лорак изҳор дошт, ки бо шогирдонаш ифтихор мекунад ва онҳо ҳама заҳмат кашиданд.  Аммо Лорак Уку Сувистеро интихоб кард ва пирӯзӣ насиби ин ҳунарманд шуд.

Даниэл бояд саҳнаро тарк мекард, аммо дар ҳамин вақт садои занги Сергей Шнуров баланд шуд ва ин маънои онро дошт, ки Даниэл ба давраи дигари лоиҳа мегузарад.

Пештар Ани Лорак ёдрас шуда буд, ки мувофиқи тартиботи озмун ҳакамон метавонанд яке аз овозхонҳоро интихоб кунанд.

Ҳамин тавр, Даниэл Рустамов дар давраи навбатии "Голос" низ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0