Афзоиши тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тавлиди гӯшт дар як сол ахир 5,5 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.   Бинобар бар гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳаҷми тавлиди гӯшт дар ин кишвар аз аввали соли равон то моҳи декабр ба ҳудуди 206,1 ҳазор тон расид.

Праздничный дастархан - Sputnik Тоҷикистон
Ширу гӯшт нест, мева хӯред: тартиботи нави ғизохӯрӣ дар Тоҷикистон

Дар ин давра теъдоди говҳо дар ин кишвар то 3 миллион адад афзоиш ёфта, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,2 дарсад зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин теъдоди гӯсфанд ва буз дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 107,9 сар афзоиш ёфтааст.

Аммо сарфи назар аз афзоиши тавлиди гӯшт ва теъдоди гов, гӯсфанд ва бузҳо қимати гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар ин кишвар бидуни тағйир боқӣ мондааст.

Дар ҳоли ҳозир як кило гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 40 то 42 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала