Сафири навтаъйини Қирғизистон ба Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимоднома супорид

© МИД РТСироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш  - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Жаниш Рустенбеков, сафири навтаъйини Қирғизистонро қабул кард

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш Султанкулович қабул намуд.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъйини Қирғизистон баргузор шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ ва доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима шуданд.  

Ҳамчунин, тарафҳо  ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала