Гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону кишварҳои узви СҲШ беш аз $2,6 млрд ташкил медиҳад

Тибқи омори расмӣ шарики асосии савдои Тоҷикистон дар соли равон Русия, Чин ва Қазоқистон будааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Аз аввали сол гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону кишварҳои узви Созмони ҳамкории  Шонгҳой (СҲШ) беш аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тибқи омори Ожонсии омори Тоҷикистон, беш аз 2,1 миллиард доллар ба воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои узви СҲШ рост меояд.

Рабочие грузят товар в фуру, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзоиш ёфт

Таъкид шудааст, ки дар 11 моҳи соли равон нишондиҳандаи мусбати гардиши молу маҳсулот бо ҳамаи кишварҳои ғайр аз Ҳиндустон дида мешавад.

Аз моҳи январ то ноябри соли равон савдо миёни Душанбе ва Деҳли 22,4 дарсад коҳиш ёфта 17,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Тибқи омори расмӣ, шарикони асосии савдо бо Тоҷикистон, Русия, Чин ва Қазоқистон будааст. Дар 11 моҳи соли равон маблағи умумии амалиётҳо бо ин кишварҳо 2,3 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Чунин нишондиҳандаҳои баланд бо Узбакистон ва Қирғизистон низ ба қайд гирифта шудааст.  шудааст.

Таъкид шудааст, ки воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои СҲШ ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот зиёд аст. Дар ҳамин ҳол дар гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбакитсон содирот нисбат воридот бартарӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала