Модар дар дигар ҳуҷра хоб буд: шарҳи намояндагӣ аз марги ду кӯдаки тоҷик дар Бошқирдистон

© REUTERS \ COSTAS BALTASПожары в Греции
Пожары в Греции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми сар задани сӯхтор падари фавтидагон бо падарарӯсаш дар ноҳияи Алметаи шаҳри Қазон барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Русия қарор дошта, модарашон дар утоқи дигари хонаи истиқоматӣ хоб будааст. Зан ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор имконияти наҷот додани фарзандонашро надоштааст

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" ҳалокати фоҷиабори ду кӯдаки тоҷик дар Бошқирдистонро шарҳ додааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки 25 декабр дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазии Бошқирдистон ду кӯдаки хурдсоли  муҳоҷирони тоҷик дар пайи сӯхтор ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешуд, ҳодиса субҳ рух додааст ва вақте модари тифлакон аз хона мебарояд, шоҳиди оташ гирифтани ҳисобкунаки барқии манзил мешавад ва дарҳол ба хонаи ҳамсояҳо мешитобад, то кӯмак хоҳад. Вай ҳангоме ки ба манзилаш бар мегардад, мебинад, ки аллакай хона оташ гирифтааст.

ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, санаи зикршуда кормандони Хадамоти оташнишонии ВҲФ Русия дар ноҳияи Туймазӣ сари вақт огоҳ гардида, ба ҷойи ҳодиса ҳозир мегарданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ онҳо аз сабаби оташ гирифтани тамоми атрофи хонаи истиқоматӣ кӯдаконро наҷот дода натавонистанд.

Корманди Намояндагӣ ҳамчунин бо падару модари фавтидагон — Додов Раҳимҷон Маҳмадович ва Ҷӯраева Замира Ҳасановна, истиқоматкунандагони ноҳияи ба номи А.Ҷомии вилояти Хатлон ҳамсуҳбат гардид.

"Ҳангоми сар задани сӯхтор падари фавтидагон бо падарарӯсаш дар ноҳияи Алметаи шаҳри Қазон барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Русия қарор дошта, модарашон дар утоқи дигари хонаи истиқоматӣ хоб будааст. Модари онҳо ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор имконияти наҷот додани фарзандонашро надоштааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

26 декабри соли 2018 фавтидагон аз ҷониби волидайн дар ноҳияи Туймази Ҷумҳурии Бошқирдистони  ба хок супорида шуданд. Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0