Озода Раҳмон дар бораи дороии мансабдорон ва оқибати дурӯғгӯӣ

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Рахмон. Архивное фото
Озода Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро тавзеҳ дод, ки ба амволи мансабдорон ва оқибати дурӯғгӯӣ рабт дорад

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар масоили таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҳафтаи равон зимни ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, дуруғгӯии мансабдорон дар бораи амволашон барканорӣ дар пай дорад.

Передача денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳсҳои қарзу гарав ва муфлисӣ: Озода Раҳмон роҳҳали нави қонуниро гуфт

Ӯ зимни тавзеҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” гуфт, пешниҳоди эъломия аз сӯи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бар асоси ин меъёр хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.

 “Моддаи 8-и қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд пешниҳоди эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ аз ҷониби дов­талабон ба мансабҳои давлатӣ пешбинӣ мегардад. Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани ­эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, барои ба мансаб таъин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад”, - таъкид намуд роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент.

Ӯ афзуд, ки ба моддаи 1 қонун мафҳумҳои “бархӯрди манфиатҳо”, “манфиати давлатӣ” ва “манфиати шахсӣ” илова карда шудаанд, ки принсипҳои мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Нашрияи парлумонии "Садои мардум" иттилоъ дод, ки тағйироти мазкур аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод гардид ва Маҷлиси милллӣ онро қабул намуд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон пешниҳоди эъломияи дороӣ аз сӯи наздикони мансабдорони давлатӣ низ ҳатмӣ гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0