Роҳ сӯи се деҳаи Куҳистони Мастчоҳ барқарор мешавад

© Фото : Пресс служба правительсва ГБАОВосстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои барқарорсозии роҳ ва пули мошингузари деҳаҳои Водиф, Деҳҳавз ва Деҳҳисори ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дастур додааст

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳ ва пули се деҳаи мазкур 6 июли соли равон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буданд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суғд дар соли 2019 чӣ қадар даромаду хароҷот дорад?

“Бо харобшавии пули мошингузар ва роҳи деҳаҳо сокинон ба мушилиҳо дучор гардида буданд ва ба ҳаракати нақлиёти сабукраву боркашон низ монеаҳо ба вуҷуд меомад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Дафтари матбуоти раиси Суғд таъкид кард, ки дар бо дастари Аҳмадзода мутахассисони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ба ин мавзеъ сафарбар гардида, дар назар аст, ки то ҷашни Наврӯз сохтмони пул ба анҷом расонида шавад.

Манбаъ афзуд, ки дарозии роҳи барқароршаванда 1000 метр,  дарозии пули мошингузар 24 метр ва бараш 5 метр мебошад.

Лентаи хабарҳо
0