Орумбекзода аз дастовардҳои фарҳанги кишвар дар соли 2018 ёдрас шуд

© Международный пресс-клубМинистр культуры Таджикистана Шамсидди Орумбекзода
Министр культуры Таджикистана Шамсидди Орумбекзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аҳли ҳунар, санъат ва фарҳанги кишварро ба муносибати Соли нави мелодии 2019 табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО дар бораи ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардондани чакан ва соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни умумиҷаҳонии Шашмақом гардидани шашмақомхонони тоҷикро дар соли 2018 дастоварди бузург донист.

Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Орумбекзода ба хона- музейи Айнӣ асари рассомӣ-графикӣ тақдим кард

Гуфта шудааст дар табрикоти вазир, ки дар сомонаи расмии вазорати фарҳанги Тоҷикистон интишор шудааст.

Ба гуфтаи Орумбекзода, дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ дода мешавад.

“Соли 2018 барои тамоми ҳамватанон, махсусан, барои аҳли фарҳанги мамлакат ниҳоят хотирмону фаромӯшнопазир буд, зеро дастовардҳои бузурги аҳли фарҳанг, аз ҷумла бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардидани намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик — чакан, дар байни 73 кишвар соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни умумиҷаҳонии Шашмақом гардидани шашмақомхонони тоҷик ва ғолиби чандин озмуну фестивалҳо гардидани ситораҳои нави тоҷик ба ҳамин сол рост омаданд”, - таъкид намудааст вазир.

Орумбекзода боварӣ дорад, ки дар соли нав аҳли фарҳанги кишвар пайи амалӣ гардидани иқдомоти наҷиби фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои бузурги сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон самимонаву содиқона кӯшиш менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0