Ҳамид Ҷалилов куштигири тоҷик шомили раддабандии варзишкорони хориҷии Доғистон шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамид Ҷалилов куштигири тоҷик дар раддабандии варзишкорони хориҷии Доғистон бо доштани 20 хол дар баробари намояндагонии дастаи Озорбойҷон дар ҷои 35-36 қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Аъзои дастаи мунтахаби куштии Тоҷикистон Ҳамид Ҷалилов ба раддабандии варзишкорони хориҷии Доғистон дар соли равон, шомил шудааст.

Ҳамагӣ ба ин раддабандӣ 37 куштигир аз 11 кишвари дунё шомил шудаанд. Бисёри варзишкорон шаҳрвандь-варзишии Озорбойҷонро доранд.

Самбои варзишӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду медали нуқраи гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо

Ҳамид Ҷалолов бо доштани 20 хол дар баробари намояндагони дастаи Озорбойҷон Маҳмадрасул Ғозимуҳамадов ва Маҳмадҳоҷи Қосимов дар ин раддабандӣ ҷойҳои 35-36-ро ишғол мекунад.

Дар раддабандии варзишкорони хориҷа дар Доғистон шаҳрванди Узбакистон Муҳаммад Иброҳимов ҷои аввал ва намояндагони Оҷорбойҷон ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол кардаанд.

Ба тартиботи ин раддабнди холҳои бозиҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон, Аврупо, Осиё ва мусобиқаҳои калони байналмилалӣ ҳисоб мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0