Раиси Хатлон: дар вилоят 232 корхонаи нави саноатӣ таъсис меёбанд

CC0 / Pexels / Фабрика, архивное фото
Фабрика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Хатлон мегӯяд, ба муносибати 30-солагии Истиқлолият дар вилоят 232 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Гулмаҳмадзода ин нуктаро дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баён дошта, афзуд, ки соли равон низ бахши саноат дар вилоят дар ҳоли рушд қарор дошт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время заседания Совета коллективной безопасности ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Тағйири қонун: салоҳияти раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо бештар шуд

“Саноат низ дар ҳоли рушд қарор дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 838 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, 69 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфт”, - иттилоъ додааст нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли Гулмаҳмадзода.

Ба иттилои раиси Хатлон даромади буҷет 102,8 дарсад таъмин шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 миллион сомониро ташкил додааст.

Манбаъ афзуд, дар соли равон ба вилоят 74 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0