Сухани охирро Ҳукумат мегӯяд, на вазорат: Ҷайҳонӣ дар бораи тоҷикӣ кардани рутбаҳои русӣ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умед Ҷайҳонӣ, забоншинос ва узви гуруҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, қабул ё радди ҷойгузинҳои дараҷаҳои низомии русӣ салоҳияти Ҳукумат аст, на вазорати алоҳида.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Умед Ҷайҳонӣ гуфт, ҳамчун узви Гурӯҳи кории Кумитаи забону истилоҳот ва созандаи ҷойгузинҳои пешниҳодӣ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати ҶТ ва пас аз тасвиб дар Маҷлис тағйир дода мешаванд, на бо хосту нахости Вазорати дифоъ.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомию техникӣ мерасонад

“Кумитаи забону истилоҳот ҷойгузинҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, на ба Вазорати дифоъ. Ҳукумати ҶТ пешниҳодҳоро ҳанӯз баррасӣ накардааст”, - изҳор доштааст Умед Ҷайҳонӣ дар саҳифааш дар Фейсбук.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати дифои Тоҷикистон бо ирсоли як мактуб ба Кумитаи забон ва истилоҳот аз тарҷумаи дараҷаҳои низомии русӣ ба тоҷикӣ ҷонибдорӣ накарда, яке аз сабабҳои радди ин пешниҳодро ба мушкилоти молӣ рабт додааст.

Умед Ҷайҳонӣ гуфт, ба Ҳукумат аз ҷумла ҷойгузинҳои зерин,  генерали артиш -артишсолор, генерал-полковник-сипаҳсолор, генерал-лейтенант - лашкарсолор, генерал-майор–гундсолор, полковник - сарҳанг, подполковник - сарҳангёр, майор - саргурд, капитан - сарвашт, лейтенанти калон - таҳмбон, лейтенант - таҳмдор, лейтенанти хурд  - таҳмовар, прапоршики калон - размсоз, прапоршик - размовар ва ғайра пешниҳод шудаанд.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз радди ин пешниҳод ҷонибдорӣ карда, изҳор доштаанд, ки рутбаҳои феълии низомӣ аз қабили полковнику генерал аллакай оммафаҳм шудаанд ва зарурате ба тағйири онҳо нест.

Аммо гуруҳи дигар барои Тоҷикистон, ки таърихан дараҷаҳои низомии худро доштааст, роҳандозии истифодаи дараҷаҳои миллии низомиро муҳим медонанд.  

Лентаи хабарҳо
0