Оғози парвози ширкати ҳавоии Русия Nordwind Airlines аз фурудгоҳи Қурғонтеппа

© Sputnik / Сергей СтаростенкоВ салоне самолета Ан-148
В салоне самолета Ан-148 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин парвози ширкати ҳавоии Nordwind Airlines ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) 3 январи соли 2019 сурат гирифта, нархи билет 17 ҳазору 316 рублро ташкил медодааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Фурудгоҳи муваққатан басташудаи шаҳри Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон боз ба кори худ оғоз кард. Нахустин мусофирони фурудгоҳи мазкур ба самти шаҳри Маскав, тавассути ҳавопаймои ширкати Nordwind Airlines-и Русия парвоз намуданд.

Тавре, ки дафтари матбуоти ширкати Nordwind Airlines хабар додааст, парвозҳо ба самти шаҳри Бохтар дар як ҳафта чаҳор маротиба – душанбе, сешанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз фурудгоҳи Шереметево сурат мегирад.

ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

Парвоз аз Бохтар ба шаҳри Маскав 4 соатро ташкил медиҳад. Дар хатсайри мазкур ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 парвоз хоҳанд кард.

Ширкати Nordwind Airlines инчунин хабар додааст, ки наздиктарин парвоз ба самти шаҳри Бохтар 3 январи соли равон сурат хоҳад гирифт. Арзиши билет 17 ҳазору 316 рублро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи сентябри соли гузашта дар фаъолияти худ танаффус эълон карда буд

Дар натиҷа аз 200 нафар кормандон беш аз 120 нафар ба рухсатии бемузд фиристода шудааанд.

Ягона ширкати русие, ки дар хатсайри Қурғонтеппа-Маскав-Қурғонтеппа парвоз анҷом медод, аз ин масир даст кашида буд. Ин парвоз ягона манбаи даромади фурудгоҳ буд. Пештар ширкати русии “Вим Авия” дар масири Маскав-Қурғонтеппа ва Қурғонтеппа-Маскав парвоз анҷом медод, аммо ин ширкат низ парвозҳояшро қатъ кардааст ва маъмурияти фурудгоҳ бинобар набуди даромад ва қарздорӣ аз андоз маҷбур шуда буд, ки аксарияти коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад.

Лентаи хабарҳо
0