Президент дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон содир кард

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Президенти кишвар фармонро дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021 ба имзо расонд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Имзои Эмомалӣ Раҳмон зери як қатор қонунҳо

Дар фармон гуфта шудааст, ки мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:

“Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд”, - навишта шудааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин дар фармони мазкур гуфта шудааст, ки дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала