Эълони озмуни Ихтироъкори беҳтарин дар Тоҷикистон

© Sputnik / Роман Соколов / Гузаштан ба хазинаи аксПолвека назад человек впервые вышел в открытый космос.
Полвека назад человек впервые вышел в открытый космос. - Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки 26 апрел ҷашн гирифта мешавад, озмуни “Ихтироъкорони беҳтарини Тоҷикистон” барои солҳои 2017-2018 доир мегардад

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот озмуни “Ихтироъкорони беҳтарини Тоҷикистон” барои солҳои 2017-2018 эълон намудааст.

Дар ин бораи дар сомонаи расмии Маркази миллии патенту иттилоот хабар дода шудааст.

Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Дар озмуни мазкур ихтироъҳои солҳои 2017-2018, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ таъмин шудаанд ва  дар истеҳсолот татбиқ гардидаанд, баҳогузорӣ карда мешаванд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки озмуни мазкур  26 апрели соли равон доир гардида, ихтироъкорону навоварон имкон доранд то 20 март ҳуҷҷатҳои худро ба он пешниҳод намоянд.

Манбаъ афзудааст, ки ғолибон бо ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  карда мешаванд.

Хоҳишмандоне, ки майли иштирок дар озмун доранд, метавонанд ба нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала