Овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова дар Маскав консерт медиҳад

© SputnikКадр из клипа Мадины Акназаровой
Кадр из клипа Мадины Акназаровой - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Русия 16 феврали соли равон консерти овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Маскав 16 феврали соли равон консерти овозхони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова баргузор мешавад.

Мадина Ақназарова хабари консерташро дар шаҳри Маскав дар саҳифаи Инстаграмаш мунташир кардааст.

Публикация от Madina Aknazarova (@_aknazarova)

Консерти овозхони тоҷик дар тарабхонаи Асаки, ки дар назди метрои Текстилшики қарор дорад баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи овозхони ҷавон, ин аввалин консерташ дар Маскав хоҳад буд. Консерти овозхон бахшида ба рӯзи зодрӯзаш ва рӯзи ҷаҳонии ошиқон бахшида шудааст.

Дар консерти мазкур инчунин бозии тӯҳфаҳо дар назар аст.

Мадина Ақназарова овозхони ҷавони операсаро мебошад, ки бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурӯд мехонад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала