Боздошти ду зани кӯлобӣ ба иттиҳоми дуздӣ дар Тоҷикистон

© PixabayЮвелирные изделия, архивное фото
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои ВУД, яке аз муттаҳамон 18 ва дигаре 33 сол доранд. Онҳо ба дуздии ангуштарин, гӯшвор ва дигар намуди ҷавоҳироти тиллоӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду зан, сокинони шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки ба дуздӣ муттаҳам мешаванд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳарду низ дар пайи шикояти шаҳрвандон аз гум шудани ҷавоҳироти тиллоӣ, дар пайи тафтишоти бозҷӯӣ дастгир шудаанд.

Чунончӣ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 26-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2018 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 18-солаи сокини кӯчаи Ҷума Алии шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 30-юми декабри соли 2018, тахминан соатҳои 16:00-дақиқа, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 14 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0