Дилшод Назаров ба бозингарони "Истиқлол" медалҳояшонро супорид

© Федерация футбола Таджикистана"Истиклолу" вручили золотые медали и чемпионский кубок
Истиклолу вручили золотые медали и чемпионский кубок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе маротибаи ҳафтум аст, ки унвони чемпионӣ ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад. Дастаи мазкур соҳиби Ҷоми олӣ ва Ҷоми ФФТ низ мебошад.

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Шоми дирӯз дар фазои тантанавӣ ба футболбозони Клуби футболи "Истиқлол"-и Душанбе Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тиллоии мавсими футболи соли 2018 супорида шуданд.

Дар ин маросим намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи олимпӣ, ФФТ ва рӯзноманигорону меҳмонон ширкат варзиданд.

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат Дилшод Назаров бо узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов  медалҳоро ба футболбозон тақдим намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи "Истиқлол"-и Душанбе маротибаи ҳафтум аст, ки унвони чемпионӣ ва Ҷоми  Тоҷикистонро ба даст меорад. Дастаи мазкур соҳиби Ҷоми олӣ ва Ҷоми ФФТ низ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0