Футзалбозони Тоҷикистон дар дувумин бозии дӯстона бо Туркия низ шикаст хӯрданд

© пресс-служба ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бозии дувумин натиҷаи 5 бар 6 ба суди футболбозони турк сабт шуд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон дар дувумин бозии дӯстона бо Туркия низ шикаст хӯрданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар чорчӯби омодагӣ ба даври муқаддимоти Ҷоми Осиё-2020 дар Эрзинҷон дувумин бозии дӯстонаро бо тими миллии Туркия баргузор карданд. Бозӣ шоми 10 январ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, мусобиқа бо ҳисоби 5:6 бо фоидаи футболбозони турк ба анҷом расид.

Ёдрас мешавем, дар бозии аввали дӯстона мунтахаби Тоҷикистон бар Туркия 1:6 мағлуб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0