Шарҳи Ёдгор Файзов ва генерал Аламшозода дар бораи ҳаводиси соли 2018 ва оғози 2019-и ВМКБ

© дафтари матбуоти ВКД ТоҷикистонТаҷлили Рӯзи милисаи тоҷик дар ВМКБ
Таҷлили Рӯзи милисаи тоҷик дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори раёсати умури дохилии вилоят дар машварати васеъ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, вазъи вилоятро дар соли 2018 ва оғози соли 2019 шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, Ёдгор Файзов дар баробари масоили иҷтимоию иқтисодӣ, соли 2018-ро чун соли таҳкими волоияти қонун дар вилоят унвон кардааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Розигии раисиҷумҳур барои барканории Зиёзода аз ҳукумати Хатлону таъиноташ дар Суғд

“Вале бо ин пешравиҳо  набояд хотирҷамъ шуд, зеро мутаассифона, ҳанӯз ҳам нафарони манфиатхоҳу ғаразҷӯ ба хотири манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд авзои ҷомеаро халалдор созанд. Ба ибораи дигар, мехоҳанд обро лой намуда, моҳӣ доранд. Ҳодисаи нангини зимни таҷлили Соли нави мелодӣ рухдода ва ҳодисаҳои рӯзҳои аввали моҳи январ шаҳодати воқеии ин гуфтаҳо мебошанд”, - изҳор доштааст Ёдгор Файзов.

Ба таъкиди ӯ, мардум бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, соли 2019 муборизаро бо ҷинояткорӣ боз ҳам пурзӯр намоянд, зеро таъмини волоияти қонун танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти ҳар шаҳрванди солимфикр мебошад.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ изҳор доштааст, ки давлату ҳукумат ҳадафи ноором кардани ҳаёти осоиштаи мардуми худро надорад.  Генерал Аламшозода истифода нашудани зӯри низомиро дар Хоруғ таъкид карда, афзудаст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд бештар шаванд.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Зодаи Суғд, падари серфарзанд, донандаи забонҳои англисию узбакӣ: раиси нави Хатлон кист?

“Мутаассифона, аз ҷониби афроди алоҳида ҳанӯз ҳам кӯшишҳои ноором сохтани вазъият дар вилоят ва хусусан шаҳри Хоруғ ба назар мерасанд. Бо мақсади халалдор накардани суботи ҷомеа бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳои шаҳр ҷоннок намуда, ба гурӯҳҳое, ки ба ин корҳои ношоиставу ғайриқонунӣ даст мезананд, бояд фаҳмонд, ки ба хотири ҳифзи дастовардҳо ва фазои амну ором аз аъмоли ҷинояткоронаашон даст кашанд”, - иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Аламшозода.

Ӯ гуфтааст, аксарияти нафароне, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯ қарор доштанд ва  ихтиёрӣ ба мақомоти дахлдор ҳозир шуданд, барои онҳо дар асоси қарори суд ҷазои сабуктар таъйин карда шуд.

“Давоми фаъолияти ситод аз аҳолӣ 398 адад силоҳи гуногунтамға мусодира карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ ҳанӯз  силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст. Мавҷуд будани силоҳ дар дасти баъзе аз гурӯҳҳо буд, ки нафарони зиёде ҳатто марги фарзандони худро таҳаммул карда, аз баҳри даъво гузаштанд”, - таъкид намудааст генерал.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Таъйини раисони нави Хатлон ва 2 кумитаи дигар

Сардори Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят зимни ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти ситод гуфтааст,  пеш аз ҳама, ҳаракати мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ аз байн бурда шуда, ҳамчунин нафароне, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ ё дар ҳолати сархушӣ нақлиётро идора менамуданд, аз кори худ даст кашиданд.

“Ба муддати 5 сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ, ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифтани нафароне, ки дар ҳолати сархушӣ нақлиёт идора мекарданд, аз тадбирҳое ҳастанд, ки натиҷаи хуб доданд”, - изҳор доштааст Аламшозода.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз худсариҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят карда, изҳор доштанд, ки рӯзи 13 январ дар Хоруғ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини маҳаллиро аз таппончаи травматикӣ маҷруҳ кардаанд. 

Мақомоти умури дохилӣ ин қазияро натиҷаи таҳқир ва ҳамлаи бархе аз сокинони маҳаллӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ номидаанд. Аммо бархе сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао доранд, ки кормандони мақомоти умури дохилӣ як ронандаи маҳаллиро таҳқир кардаанд, ки дар натиҷа ҷанҷол ва тирпаронӣ аз сӯи намояндагони мақомот рух додааст.

Феълан қазияи мазкурро мақомоти додситонӣ таҳқиқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0