Узбакистону Олмон ба 4 миллиард доллар созишнома ба имзо расониданд

CC0 / Pexels / Деньги в чемодане, архивное фото
Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо анҷоми форуми тиҷорӣ миёни Олмону Узбакистон дар Берлин дар соҳаҳои нафту газ, нафту кимиё ва энергетика созишномаҳо ба имзо расонида шуд

ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Ширкатҳо ва бонкҳои Узбакистон рӯзи душанбе дар Берлин баҳри амалигардонии лоиҳаҳои гуногун ба миқдори умумӣ 4 миллиард бо Олмон созишнома ба имзо расониданд, хабар додааст дафтари матбуотии Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ.

Ба маълумоти дафтари матбуоти муассиса 14 январ дар Берлин форуми тиҷори ҳарду кишвар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ноиби вазири иқтисод ва энергетикаи Олмон Экхард Франс ва роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузории Узбакистон Суҳроб Холмуродов, иштирок доштанд.

“Дар анҷоми форуми тиҷорӣ баҳри амалигардонии нақшаҳои лозима ба миқдори 4 миллиард доллар, созишнома ба имзо расонида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Бо маълумоти кумита, дар соҳаҳои нафту газ, нафту кимиё ва энергетика бо ширкатҳои ThyssenKrupp, Linde, Takraf, Siemens, оид ба истеҳсоли лавозимотҳои сохтумонӣ бо ширкатҳои Knauf ва бунёди меҳмонхонаҳо бо Plaza Hotelgroup, ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ноиби вазири умури хориҷаи Узбакистон Илҳомҷон Неъматов ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев 21-23-юми январи соли равон мақсади сафар ба Олмонро дорад.

Лентаи хабарҳо
0