Ҳабиб гуфт, ки чаро аз муҳорибаи дубора бо Макгрегор даст мекашад

Обуна шудан
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов гуфт, ки муҳорибаи дубора (реванш) бо Конор Макгрегор маъное надорад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехтаи Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов гуфт, ки намехоҳад бо Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ дубора ба майдон барояд.

"Барои чӣ дубора ба муҳориба бароям? Ӯ пештар ҳам суханони зиёде гуфта буд.  Аммо вақте ба майдон баромад, коре карда натавонист", - гуфт вай.

Ёдрас мешавем, моҳи октябри соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳамедов ба Конор Макгрегор пирӯз шуд ва бори аввал унвони қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Пас аз муҳориба байни Ҳабиб ва мухлисони Конор ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа ҳарду варзишгар ҳам ба мӯҳлати номуайян аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуданд. Дертар ин маҳдудият бардошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0