Милисаҳо ронандаи фирорӣ - Мансур Ҳубибуллоевро дастгир карданд - Акс

© ВУД ТоҷикистонРонандаи фирорь дастгир шуд
Ронандаи фирорь дастгир шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо автомашинааш як ҷавонро пахш карда, дидаву донисата, ки ӯ маҷрӯҳ гардидааст, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Ронандаи фирорӣ дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 18-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 03:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷомӣ, маҳаллаи Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар қоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон намудаааст.

Ӯ пиёдагард Луқмонов Икромиддин, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтарро пахш карда, дидаю дониста, ки ҷабрдида дар вазъияти барои саломатияш хавфнок қарор дорад, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб мезанад.

© ВУД ТоҷикистонМилисаҳо ронандаи фирориро дастгир карданд
Милисаҳо ронандаи фирорӣ - Мансур Ҳубибуллоевро дастгир карданд - Акс - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳо ронандаи фирориро дастгир карданд

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ва беэътиноии ронанда пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ карда шудааст.

ВУД менависад, ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи дар ҳудуди шаҳри Бохтар муайян гардид, ки гумонбари ин ҷиноят ронандаи автомашинаи тамғаи "Нексӣ", аломати қайди давлатияш 2253 ВС 03 Ҳабибулоев Мансур, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар буда, зимни идораи воситаи нақлиёт аз ӯҳдаи идора намудан набаромада, пиёдагарди мазкурро зада аз пой афтонидааст. 

Айни ҳол ронандаи фирорӣ Ҳабибулоев Мансур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Бохтар боздошт гардида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0