Котиботи раисиҷумҳур: пули тоҷикистониён имсол 10% афзоиш меёбад

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри солнома натиҷаҳои кори Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 ва бархе нақшаҳоро дар соли 2019 баён доштааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар назар аст, ки соли равон даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ бурдему чӣ бохтем: баргузории Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат

Бар асоси нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин мегардад, иттилоъ додааст манбаъ.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

“Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад”, - таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0