Кумакҳои молии ниҳодҳои байналмилалӣ барои дастгирии буҷети Тоҷикистон қатъ гардид

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксТабличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ, архивное фото
Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Созмонҳои молии байналмилалӣ кумак ба буҷаи ҳукумати Тоҷикистонро, то иҷрои шартҳои Созмони байналмилалии пул (СБП) қатъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замони ба тавофуқ  расидани ҳукумати Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул, кумак барои дастгирии буҷаи ҷумҳуриро қатъ карданд, гуфта шудааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди ҷумҳурӣ.

Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замоне, ки ҳукумати кишвар вазъро тағйир надиҳад кумакҳо ба буҷаи Тоҷикистон, қатъ карда мешаванд.

Последствия селевого потока - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ аз офатҳои тахрибкунанда дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши хеш навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши хеш дар бахши амалкарди молӣ шаффофият нишон намедиҳад.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон танҳо мизони умумии молиёти пардохтиро эълом кардааст, аммо мушаххас нест, ки ин шохис ҳосили пардохти довталабона аст ё мавориди ифшо шуда аз фирори молиётӣ дар пайи таҳқиқу тафтишро низ шомил мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ таъкид намудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон хариду фурӯши арзҳои хориҷиро маҳдуд карда, ки ин мавзӯъ мӯҷиби равнақи бозори сиёҳи муомилоти арз мешавад ва мизони сармоягузории хориҷиро низ коҳиш медиҳад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар шудааст, ки паёмадҳои ногуворе барои иқтисоди ин ҷумҳурӣ хоҳад дошт.

Инчунин, ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, норасоии буҷетро дар соли гузашта аз ҳисоби ҷаримаву иловапардохтҳо, ки дар рафти санҷишҳои тиҷорат ошкор мешуданд пур карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2019 тасмим дорад ба иқтисоди кишвар дар шакли қарзу грант аз ташкилотҳои байналмилали молиявӣ ва кишварҳои алоҳида  445 миллион доллар ҷалб намояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала