КҲФ Тоҷикистон: аксари роҳҳо аз барфу тарма тоза карда шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бориши шадиди барф равуо дар роҳҳои кӯҳии кишварро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Хатари лағзиши тарма бештар шуд, боришҳо пайваста кори роҳрӯбонро ҳам душвор кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Ҳоло садҳо мошин дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Рушон-Хоруғ дармондаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Сход снежных лавин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон: то 20 январ 110 ҳолати лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд

Бино бар иттилои манбаъ, аз ҳамаи роҳҳои кӯҳӣ дар айни замон танҳо дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ба масофаи 150 метр, ағбаи Анзоб ва дар километри 569-уми роҳи мошингарди Рушон-Хоруғ роҳ баста аст.

Тибқи иттилои идораи обуҳавосанҷии кишвар дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, водии Рашт ҳаво соф аст. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, водии Ҳисор ҳаво абриву бебориш аст.

Бо вуҷуди огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон ронандагон ҳамоно баъзан бидуни зарурат ҳам ба сафар мебароянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон бори дигарт аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои пурборишу тармахез ва сангрез аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Бахусус,  касоне, ки кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, шикор мераванд, эҳтиёт кунанд. Ин рӯзҳо ҳавои ин корҳо нест, бояд мунтазир буд, то фурсати муносиб фаро расад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала