Наврасони Тоҷикистон дар Минск тими Финландро шикаст доданд - видео

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-17” имрӯз дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дастаи Финландро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бозии Тоҷикистону Финланд дар даври сеюми мусобиқаи “Ҷоми пешрафт-2019”, ки дар Минск ҷараён дорад, бо ҳисоби 2-0 анҷом ёфт.

Бозии қаблиро наврасони Тоҷикистон бо дастаи Белгия мусовӣ – 1:1 анҷом доданд. Голи Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба номи худ сабт кард.

Дар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд.

Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0