Ба Душанбе роҳбарони 27 кишвари дунё меоянд

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе площадь "Дусти" памятник Исмоилу Сомони
Душанбе площадь Дусти памятник Исмоилу Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар нимаи аввали моҳи июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хоиҷаи Қазоқистон.

Заседание министров иностранных дел стран Китая, Киргизии, Афганистана и Пакистана - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти махсуси вазирони хориҷии кишварҳои аъзои МҲТБО дар СММ

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия  дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0